Хабарҳо
Озмуни донишгоҳи зери унвони “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”
Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни донишгоҳиро зери унвони “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” эълон менамояд.
Озмун дар алоҳидагӣ миёни устодон ва донишҷӯён дар ду давра баргузор мегардад:
- даври аввал дар сатҳи факултетҳо аз санаи 09.11.2020с. то 11.11.2020с.
- даври дуюм дар сатҳи донишгоҳ аз санаи 12.11.2020с. то 14.11.2020с.
Ғолибони озмун дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро аз Раёсати илм ва инноватсия ва Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дастрас намоянд.