Хабарҳо
Роҳҳои такмили рушд ва ҷалби сармоягузориҳо
Санаи 29-уми октябри соли равон бо ибтикори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзӯи «Роҳҳои такмили рушд ва ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар оғоз мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, дотсент С.Нуридинов қайд кард, ки дар маҳфилҳо мавзӯҳои гуногуни иқтисодӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён гузаронида мешавад. Бинобар ин имрӯз мавзӯи муҳим яке аз муҳимтарин самтҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани мавқеи давлат ва паст кардани хавфи ғайритиҷоратӣ ва сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Сипас донишҷӯён Раҷабалӣ Қаюмов, Дилнора Дурманова, Шодмон Носиров маърӯза намуданд. Зимни баромадҳо гуфта шуд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шуморида мешавад. Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, технологияҳои пешқадам ва ташкили корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир яке аз роҳҳои рушди соҳаи саноати кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб вобаста ба саноаткунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми миллӣ сурат гирифт.