Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мавқеи шоҳроҳҳои нақлиётии байналмилалӣ

Мавқеи шоҳроҳҳои нақлиётии байналмилалӣ

Санаи 30-юми октябри соли равон семинарҳои илмӣ-назариявии кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар мавзӯи «Мавқеи шоҳроҳҳои нақлиётии байналмилалӣ дар ҷараёни содиротӣ-воридотии кишварҳои ҷаҳон» баргузор гардид. 
Дар семинар дотсент Заррина Давлатшоева оид ба мавзӯи актуалӣ муаммоҳои бахши нақлиётӣ маърӯза намуд. Зимни баромад самтҳои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар бахши нақлиёт 38 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шудаанд, ки дар натиҷа 2000 км роҳи автомобилгард, 240 пул, 132 км хатти роҳи оҳан, 31,5 км нақб ва долонҳои зиддитарма ба истифода дода шудааст. Тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмилалии осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд. Долонҳои транзитӣ ва хатсайрҳои интермодалӣ бунёд шудаанд, ки имрӯз алоқаи кишварҳои ИДМ-ро бо Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳои ин минтақа таъмин менамояд. 
Дар фарҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.