Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Такмили методикаи таълим дар низоми шабакавӣ

Такмили методикаи таълим дар низоми шабакавӣ

Аз санаи 12-ум то 6-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон” тренинг дар мавзӯи “Такмили методикаи таълим дар низоми шабакавӣ” доир гардид. Тренинг дар шакли вебинар дар совтвери Google Meat аз тарафи мушовирони байналмилалӣ аз Донишгоҳи Аврупоии Варнаи Булғория барои ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара доир карда шуд. 
Барои иштирокчиёни тренинг шароити хуби корӣ бо дастрасӣ ба таҷҳизоти муосир ва омӯзиши шабакавӣ фароҳам оварда шуда, дар рафти машғулият аз тарафи мушовирони хориҷӣ Петр Петров, Владимир Жучев ва Радка Начева татбиқи амалии онлайн машғулиятҳо барои донишҷӯён намоиш дода шуд. Аз тарафи иштирокчиёни тренинг дар навбати худ муаррифии барномаҳои амалкунандаи таҳсилоти фосилавӣ ба таври электронӣ дар барномаи Moodle ва дар шакли презентатсияҳо муаррифӣ карда шуданд. 
Аз ҳарду муассисаи олии таълимӣ, ки лоиҳаи муштаракро амалӣ месозанд, 40 нафар омӯзгорон дар тренинг иштирок карданд. Қобили қайд аст, ки дар рафти тренинг омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ аз навовариҳо ва нозукиҳои фаъолияти таълимӣ тариқи онлайн, сомонаҳо ва шабакаҳои доир ба таҳсилоти шабакавӣ фаъолияткунанда бештар шинос шуда, бевосита фаъолияти онҳоро аз назар гузарониданд. 
Дар доираи баргузории тренинг инчунин аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон С.Маъдиев, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, Ё.Тилабов, мудири кафедраи аудит ва ревизия, С.Шукуров, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, Е.Мирзоева, н.и.и, муаллими калони кафедраи менеҷменти молиявӣ, М.Буриева, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ, Б.Бобомуродов, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, У.Шарипов, муаллими калони кафедраи суғурта, Ф.Шодиев, муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ, П.Орзуев, дотсенти кафедраи аудит ва ревизия, Р.Саидов, муаллими калони кафедраи аудит ва ревизия, З.Зиёев, ассистенти кафедраи молия, Х.Ҷумъабоев, директори ПИТ “Молия”, менеҷери лоиҳа барои ҳайати донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорони факултети иқтисодиёти миллӣ ва таҳлили молиявии Донишгоҳи давлатии Данғара машғулиятҳои таълимӣ ва омӯзишҳои иловагӣ баргузор карда шуданд. 
Дар маҷмӯъ ташкил кардани тренинг барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар самти таҳсилоти шабакавӣ ҳамчун унсури зарурии таҳсилот дар замони муосир, ба хусус вобаста ба паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 хеле бамаврид ва зарурӣ мебошад. Иштирокчиёни тренинг тасмим гирифтанд, ки дар самти истифодаи технологияи электронӣ дар раванди таълим, ба хусус татбиқи онлайн машғулиятҳо, ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад, дар оянда низ ҳамкориҳоро идома хоҳанд дод.