Хабарҳо
Воситаҳои техникии назорати гумрукӣ
Санаи 30-юми октябри соли равон 2020 дарси кушоди сайёри дотсент Қ.Мираков аз фанни “Назария ва амалияи фаъолияти гумрукӣ” дар курси 2-юми шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ихтисоси 1-960101-хадамоти гумрукӣ дар мавзӯи «Воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва самараннок истифода бурдани онҳо дар гумруку дидбонгоҳҳои гумрукӣ» дар якҷоя бо иштироки кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар дарс устодону магистрантони курси якум ва дуюми донишгоҳ ва кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук иштирок намуданд.
Дотсент Қ.Мираков дар мавзӯи «Воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва самараннок истифода бурдани онҳо дар гумруку дидбонгоҳҳои гумрукӣ» ба ҳозирин дар ду самт – назариявӣ ва амалӣ дарс гуфт.
Номбурда қайд намуд, ки воситаҳои техникии назорати гумрукӣ маҷмӯи воситаҳои махсуси техникие мебошад, ки мақомоти гумрук бевосита дар ҷараёни назорати оперативии гумрукии тамоми молҳои тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолёбанда бо мақсади дар байни онҳо ошкор намудани ашё, мавод ва воситаҳои воридоту содироташон мамнуъ, ё ба декларатсия номувофиқ истифода мебаранд. Мақсаду вазифаҳои фаъолияти гумрукӣ хеле васеъ мебошанд. Бисёре аз воситаҳои техникии назорати гумрукӣ асбоби ченкунӣ нестанд, вале барои иҷрои фаъолияти гумрукӣ истифода бурда мешаванд.
Инчунин дар рафти дарс гуфта шуд, ки воситаҳои техникии дар гумрук истифодашаванда бояд дорои хосиятҳои техникӣ: сохти одӣ, эътимоднокӣ, коршоямии тӯлонӣ, таъмирпазирӣ, нигоҳдорӣ ва пурдоштӣ ва саҳеҳӣ бошанд.
Дар қисми дуюми дарс дар минтақаи назорати гумрукии мусофирон ва боғоҷи онҳо, минтақаи назорати гумрукии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ бо истифода аз воситаҳои техникии назорати гумрукӣ гузаронида шуд. Дар ин самт магистрантон бо сохт ва тарзи истифодабарии Системаи муоинавии рентгенотелевизионии Rapiscan 6ХХ XR, «Металлодетектор Metor 6M», комплекти СТ 30 («Buster» К910В, асбоби пейҷери радиатсионии намуди «Mini D», асбоби техникии намуди «Эндоскоп», асбоби муоинавии «Зеркало»), ки дар гумруку дидбонгоҳҳои гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии мусофирон ва боғоҷи онҳо, инчунин молу воситаҳои нақлиёт истифода бурда мешаванд, шинос шуданд.