Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конститутсия заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ

Конститутсия заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ

Санаи 4-уми ноябри соли равон дар факултети молия ва қарз бахшида ба рӯзи қабли Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти илмӣ баргузор гардид. 
Чорабинии мазкурро декани факултет А.Нурализода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади тақдирсоз – Конститутсияи Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Номбурда зимни суханронӣ илова дошт, ки имрӯз Конситутсияи Тоҷикистон яке аз панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон ҳисобида шуда, дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардидааст. 
Дар рафти нишаст, инчунин, А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, С.Ҳаитов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикорупсионӣ, ҳамчунин донишҷӯёни факулта доир ба моҳияти Конститутсия ва нақши он дар таъмини ҳуқуқу озидиҳои инсон маърӯза намуданд. 
Зимни маърӯзаҳо гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, адолати судиву иҷтимоӣ мебошад. Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. 
Дар анҷоми чорабинӣ маърӯза ва суолу ҷавоб оид ба нақш ва мақоми қонуни асосии кишвар дар пешбурди иқтисоди миллӣ сурат гирифт.