Хабарҳо
Конститутсия кафили рушди фаъолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бисту шаш сол муқаддам, 6-уми ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Вобаста ба ин санаи муҳимми сиёсӣ рӯзи 5-уми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия кафили рушди фаъолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мизи мудавварро ректор, дотсент Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ ва оид ба нақши қонуни асосии кишвар дар пойдории кишвар ва рушди он ибрози андеша намуд. Ш.Хайрзода зимни баромад қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст. Ректор илова дошт, ки бо шарофати қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз, яъне Конститутсия ва татбиқи босамари асосҳову муқаррароти он ва дастгириву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҷумҳурии азизи мо рушд карда, сатҳи иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар баланд гардида истодааст.
Дар идомаи мизи мудаввар профессор Шавкат Исмоилов дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ», профессор Умрулло Меликов дар мавзӯи «Рушди қонунҳои соҳавӣ дар меҳвари Конститутсия» ва дотсент Ҷамрод Бобоев «Нақши Конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқи инсон» маърӯза намуданд.
Доктори илмҳои ҳуқуқ Шавкат Исмаилов дар баромадаш доир ба таърих ва таҳияи Конститутсияи кишвар сухан ронда, қайд кард, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳрвандӣ ба миён омад. Профессор, ҳамчунин гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа асос гузошт. Бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Профессор Умрулло Меликов вобаста ба таҳияи қонунҳои соҳавӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, қайд намуд, ки қонуни асосии кишвар ҳамчун заминаи қабул ва бавуҷудоии чандин қонунҳо ва санаду меъёрҳои соҳаҳои гуногун гардид.
Дотсент Ҷамрод Бобоев зимни маърӯзааш иброз дошт, ки мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад.
Ҳамчунин дар музокира дотсент Баҳром Сафаров ва Субҳоналӣ Мирзоев баромад намуда, вобаста ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.
Нуралӣ Раҳимзода