Хабарҳо
Конститутсия ҳомии ҷомеа
Бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми ноябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ оид ба нақш ва мақоми қонуни асосии кишвар декани факулта Қ.Муқимов, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода ва С.Мирзоев суханронӣ намуданд. Дар баромадҳо гуфта шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ намудаанд. Зеро қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамчунин, донишҷӯён Суман Зоҳидова дар мавзӯи «Конститутсия ҳомии ҷомеа» ва Шукрулло Зокирзода дар мавзӯи «Конституция основной закон государство» маърӯза намуданд. Таъкид гардид, ки дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди мамлакат, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.