Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конститутсия санади сарнавиштсозу ифодагари ормонҳои халқи тоҷик

Конститутсия санади сарнавиштсозу ифодагари ормонҳои халқи тоҷик

Рӯзи 5-уми ноябр бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии сиёсӣ баргузор гардид. 
Дар оғоз декани факулта И.Неъматов доир ба муҳимияти Конститутсия суханронӣ намуд. Дар идома оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният А.Давлатзода, Н.Умаров ва У.Шарипов суханронӣ намуданд. 
Зикр гардид, ки санади мазкур дар марҳилаи барои халқи тоҷик тақдирсоз ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, роҳи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян сохт. Баромадкунандагон конститутсияро санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту ормонҳои халқи Тоҷикистон маънидод намуданд. Илова доштанд, ки конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихие мебошад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ менамояд.