Хабарҳо
Вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯёни курси якум
Санаи 7-уми ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи васеи садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо волидайни донишҷӯёни курси якум баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо, одобу рафтор, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ баррасӣ гардид.
Декани факултет Илҳом Неъматов ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода оид ба робитаи зичи волидон бо садорат, масъулияти эшон тибқи қонунгузорӣ ва назорати пайвастаи донишҷӯён аз ҷониби падару модар баромад намуда, аз ташрифи эшон изҳори сипос намуданд.
Инчунин, чанд нафар аз падару модарон вобаста ба шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ ибрози андеша намуданд.