Хабарҳо
Механизмҳои ташкилию иқтисоди ташаккули бозори хизматрасонии суғурта
Санаи 7-уми ноябри соли равон бо ибтикори кафедраи суғуртаи факултети иқтисод ва бизнес семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Механизмҳои ташкилию иқтисоди ташаккули бозори хизматрасонии суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар семинар ассистенти кафедраи суғурта Муродалӣ Ҳусайнов дар мавзӯи «Механизмҳои ташкилию иқтисоди ташаккули бозори хизматрасонии суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Мавсуф дар маърӯзааш қайд намуд, ки имрӯз иштирокчиёни касбии бозори суғурта 18 - то мебошанд. Аз ин теъдод 2 адад ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ, 15 адад ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ ва 1 адад маркази дастгирии суғуртаи мутақобиларо ташкил медиҳанд.
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла, Ҷопон 78,9 фоиз, Канада 77,8 фоиз, Ҳолланд 71,2 фоиз, Корея 63,2 фоиз ва Сингапур 44,6 фоиз нишондиҳандаи дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ нисбат ба ММД ниҳоят баланд буда, нақши зиёди онҳоро дар низоми молиявӣ нишон медиҳад. Ҳамзамон муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли рушди бозори суғуртавӣ зимни баромад баррасӣ гардид.
Дар охир саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.