Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Барномаи давлатии сармоягузориҳо ва раванди татбиқи лоиҳаҳо

Барномаи давлатии сармоягузориҳо ва раванди татбиқи лоиҳаҳо

Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллӣ дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаи назаррас дода истодааст. Вобаста ба ин санаи 11-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмӣ-амалии «Зеҳн» дар мавзӯи «Барномаи давлатии сармоягузориҳо: раванди татбиқи лоиҳаҳо ва проблемаҳои дар ин самт ҷойдошта» баргузор гардид. 
Дар маҳфил Муҳаммад Баротов, сармутахассиси сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо ва Ватан Ҳошимов, мутахассиси раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳҳо ва рушди сармоягузорӣ дар кишвар баромад намуданд. 
Зимни маърӯзаҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа гуфта шуд, ки дар замони истиқлолият, дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат қарор гирифт. Бо назардошти афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ барои идомаи раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо назардошти пешгирии таъсири пандемияи сирояти COVID-19 ва хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ амалӣ карда мешавад. 
Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодааст.