Хабарҳо
ДДМИТ мизбони II-умин ҷаласаи ғайринавбатии шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони шаҳри Душанбе
Нимаи дуюми рӯзи 9-уми ноябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, муовинон ва аъзои Раёсати Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони шаҳри Душанбе ҷаласаи ll-юми ғайринавбатии Шӯро доир гардид. Рӯзномаи ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои мукаммалсозии Низомнома ва Нақшаи кории Шӯро, такмили низоми фаъолияти Шӯро, ҷалби бештари олимону муҳаққиқони ҷавони пойтахт ҷиҳати узвият ба Шӯро фарогир буд.
Дар ҷаласа масъалаҳои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани ҷаласаҳои Шӯро дар се моҳ як маротиба ва конференсияҳои Шӯро дар як сол 2 маротиба мавриди баррасӣ қарор гирифта, тартиби аъзогӣ дар Шӯро ва баррасии саривақтии дархостҳои олимону муҳаққикони ҷавон вобаста ба фаъолияти самаранокашон дар мусоида ба рушди фаъолияти Шӯро мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки самаранокии кори Шӯро метавонад воситаи кумакрасонӣ фаъолияти олимону муҳаққиқони ҷавон дар самти фаъолияти илмии онҳо гардад.
Хотирасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аввалин шуда ҷиҳати баргузории самарабахши ҷаласаҳои Шӯро шароити мусоид фароҳам оварда, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо Шӯрои кор бо олимону муҳаққиқони ҷавони шаҳри Душанбе масъалаи рӯзмарра, саривақтӣ актуалӣ мешуморад.
Ёдовар бояд шуд, ки шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар шаҳри Душанбе бо мақсади ба низом даровардани муносибатҳои ташкилию амалии институтҳои алоқаманди давлатию ҷамъиятӣ дар самти дастовардҳои мунтазами олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар шаҳри Душанбе ва ташаккули заминаи устувори илмии сиёсати давлатии ҷавонон таъсис дода шудааст.