Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон

Санаи 11-уми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар оғоз филми ҳуҷҷатии «Девони Пешво» намоиш дода шуд. 
Дар идомаи чорабинӣ дотсент Сайрам Бақозода дар мавзӯи «Шинохти таърих ва чеҳраҳои баргузидаи миллат дар осори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баромад намуд. Номбурда зикр кард, ки таърихи муосири тоҷикон бо ном, кор ва пайкори фарзанди шарафманди миллат - Пешвои миллат, бедоргаре аз зумраи баргузидагони таърих гиреҳ мехӯрад. Садои наҷотбахши ӯ дар сиёҳтарин ва талхтарин даврони таърихи тоҷикон дар такя бар неруҳои созандаи миллат ва омӯзаҳои пешрафтаи сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ-маънавӣ тарҳи нав дарафканд. Тарҳе, ки давраҳои даҳшатоварро дар таърихи тоҷикон ба ҳамешагӣ ба поён расонд ва эҳёгари давраи комилан нав дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвари тоҷикон гардид. 
Дар ҳамин самт Пешвои миллат корҳоеро анҷом доданд, ки сода набуданд. Чеҳраҳои қаҳрамони миллатро ташхис доданд ва дар пояи рӯҳи Айниву Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров гулчанбар гузоштанд. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва дар паҳлӯи он Китобхонаи миллиро чун рамзи китобхонаи оламшумули даврони Сомониён ва Бухорои Шариф бунёд ниҳоданд. 
Роҳе, ки Пешвои миллат интихоб карданд ва мардумро ба он ҳидоят фармуданд, дид ва андешаи нав ба ҷомеаро дар шинохти арзишҳои ҷовидонаи миллӣ ва баҳрагирӣ аз онҳо муайян намуданд, ки барои имрӯз ва фардои миллат сарнавиштсоз аст, - илова намуд С. Бақозода. 
Дар идома ҳозирин дар бораи хизматҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳо изҳори андеша карданд. 
Дар анҷом суолу ҷавоб сурат гирифт.