Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Универсиадаи патентии авруосиёгӣ «Назар ба оянда»

Универсиадаи патентии авруосиёгӣ «Назар ба оянда»

Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти ҳамаи донишҷӯён, магистрантон, доктор аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷуён ва олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мерасонад, ки Идораи патентии авруосиёгии «Ташкилоти патентии авруосиёгӣ» тасмим гирифтааст, ки бо мақсади тарғиби низоми патентии авруосиёгӣ, дастгирии ҷавонони болаёқат ва баланд бардоштани рағбати онҳо ба дарки моликияти зеҳнӣ, инчунин рушди фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ универсидаи патентии Авруосиёгиро таҳти унвони «Взгляд на будущее (Назар ба оянда)» баргузор намояд. 
Барои иштирок дар универсиада довталабони сину соли аз 18 то 25 сола даъват карда мешавад. 
Корҳои эҷодӣ (лоиҳаҳои эҷодӣ) (корҳое, ки дар онҳо натиҷаҳои эҷодиёти илмӣ-техникӣ пешниҳод карда мешаванд) метавонанд бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд. Инчунин, довталабон корҳои эҷодӣ (лоиҳаҳои эҷодӣ)-ро дар алоҳидагӣ, гурӯҳи иштирокчиён ё бо роҳбари илмӣ метавонанд иҷро кунанд. 
Муҳлати фиристондани корҳои эҷодӣ (лоиҳаҳои эҷодӣ) то 28 феврали соли 2021 ба суроғаи: Россия, 109012, Москва, М.Черкасский пер., 2. ва ё ба сомонаи www.eapo.org. Якҷоя бо корҳои эҷодӣ ариза барои иштирок дар универсиада фиристода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагиро ҷиҳати иштирок дар универсиадаи мазкур аз раёсати илм ва инноватсия дастрас намоянд. 

Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун:


Аризаи иштирокчӣ
Замима