Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Интихоби беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Интихоби беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи асарҳои баландмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бад ин васила баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими худшиносӣ, ташаккули афкори солим ва рушди ҷаҳони маънавӣ, миёни устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 12-ум то 14-уми ноябри соли равон озмуни дохилидонишгоҳӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баргузор мегардад. 
Қисмати факултавии озмун дар факултети молия ва қарз санаи 12-уми ноябр баргузор гардид, ки дар он 7 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. 
Аз ҷониби ҳайати комиссия озмун донишҷӯён беҳтарин донандагони китобҳои Пешвои миллат ба даври донишгоҳӣ роҳ дода шуданд.