Хабарҳо
Арҷгузорӣ ба Рӯзи президент
Ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз санаи 13 ноябри соли ҷорӣ дар факултети ҳисобдорӣ ва омор ҷаласаи васеи ҳайати устодону кормандон баргузор гардид. Сараввал декани факултет Ҷурахонзода Б.Ҷ. дар мавзӯи “Арҷгузорӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, дар баромадаш қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Доир ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар устодон маърӯзаҳо намуда, моҳият ва паҳлӯҳои иқтисодию сиёсии онро ба аҳли нишаст баррасӣ карданд.
Мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Маъдиев С. дар мавзӯи “Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеи рақамикунонӣ” маърӯза намуд. Дар баромади худ маърӯзачӣ аз тариқи истифодаи моделҳо пешрафти босуръати соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро асоснок кард. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми сарзамин, болоравии обрӯву нуфуз ва мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.
Муовини декани факултет дар бахши ғоибона Умаров Н. дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии қабули Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.
Дар интиҳо декани факултет кулли ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои якояки онҳо комёбиҳо дар ҷодаи илм, фазои осоиш, меҳру муҳаббат, файзу баракат ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно намуд.