Хабарҳо
Пешвои миллат ҳомии сулҳ ва давлатдори асил
Санаи 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Қутбиддин Муқимов, декани факултет ва Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ оид ба нақш ва ҷойгоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва давлатдории миллӣ сухан гуфтанд. Зимни суханронӣ гуфта шуд, ки як шахсият метавонад дар дигаргунсозиҳои кулли мамлакат нақши муҳим бозад. Дар давоми 29 соли ҳастии Тоҷикистони навин мо шоҳиди барҳақ гардидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбар ва сиёсатмадори замони нав дар раванди таърихии тақдирсози мамлакат мақоми бузургу ҳалкунандаро касб намуд. Инчунин, таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд ва ин дастоварди таърихиву сарнавиштсозест, ки бо номи ӯ дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат бо ҳарфҳои зарин ҷовидона сабт гардидааст.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни факулта бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфтанд. Дар баробари ин, маълумотҳо дар бораи китобҳои Пешвои миллат ба самъи иштирокчиён расонида шуд. Дар анҷом барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён намоиш дода шуд.