Хабарҳо
Арзишҳои тарбиявии асарҳои Пешвои миллат
Осори арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ доштан, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад. Алалхусус, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд.
Бинобар ин, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ байни устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ду давра, даври аввал факултетӣ ва даври дуюм донишгоҳӣ роҳандозӣ гардид. Вобаста ба ин, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11-уми ноябри соли 2020 бо ташабуси садорати факултети иқтисод ва бизнес даври аввали озуни мазкур баргузор гардид.
Сараввал декани факултет Б.Сатторов сухан намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон, ки ояндаи миллат ба ахлоқ дониш ва малакаи онҳо сахт марбут аст, омӯзиши таърихи ниёгонро яке аз рукнҳои муҳими расидан ба ин матлаб медонад.
Дар маҷмӯъ 23 довталаб аз ҳисоби донишҷӯён ва 6 довталаб аз ҳисоби устодон дар озмун иштирок намуданд. Пас аз суханронии декан иштирокчиёни озмун ба муҳокима ва суолу ҷавоб аз рӯи барномаи кории комиссия шурӯъ намуданд. Дар асоси хулосаи комиссия ба даври донишгоҳӣ аз ҳисоби донишҷӯён 3 нафар: Сулаймони Шодмон, донишҷӯи курси 3, ихтисоси андоз ва андозбандӣ, Сафармурод Саъдуллоев, донишҷӯи курси 3, ихтисоси идораи давлатӣ ва Дилнора Дурманова, донишҷӯи курси 3 ихтисоси идораи давлатӣ ва аз ҳисоби устодон Ҷовидон Халифазода, эдвайзер оид ба тарбияи факултет пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷоми озмун дотсент Сайфуло Сафаров иброз намуд, ки Пешвои миллат сарчашмаи тарбияро дар омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих аз ҷониби насли муосир медонанд. Номбурда, инчунин, таъкид намуд, ки дар камолоти инсон ва ҷомеа донистани таърихи гузашта, аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар ташаккули андеша ва тафаккури пешқадам мусоидат менамояд.