Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳ

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳ

Санаи 12-уми ноябри соли равон бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ дар толори бинои таълимии № 2-и донишгоҳ вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳҳои муассиса баргузор гардид. 
Чорабиниро Б.Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ифтитоҳ намуда, донишҷӯёнро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Номбурда қайд намуд, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, чун дар таърихи Тоҷикистон, маҳз аз ҳамин рӯз марҳилаи нави муҳими давлатӣ тибқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст. 
Сипас, Т.Умаралиева оид ба пӯшидани либосҳои миллӣ ва эҳтироми фарҳанги гузаштагон баромад намуд. Мавсуф гуфт, ки либоси миллии мо нишона аз фарҳанги мост, пас фарҳанги миллиро бо тақлид ба тарзи либоспӯшии аврупоиён бегона насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. 
Дар анҷом иштирокчиёнро даъват ба он намуданд, ки ҳар як духтари тоҷик бояд пайваста ба сарулибоси худ ва тарзи ба бар намудани он аҳамияти ҷиддӣ диҳад,инчунин, дар анҷом Х.Тешаева баромад намуда, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, COVID-19, ки сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст, сухан гуфта, вобаста ба риоя кардани гигиенаи шахсӣ ва безараргардонии дастҳо бо маводҳои зарурӣ мувофиқи қоида ва меъёрҳои санитарӣ, аз ҷумла, қоғази ташноб, собун дастпокунакҳои яккаратаи қоғазӣ, рӯбучини намнокӣ бо маҳлулҳои безараргардонии хлордор, дар як рӯз ду маротиба тоза намудани мизу курсӣ ва утоқҳои истиқоматӣ ба ҳозирин тавсияҳои судманд доданд.