Хабарҳо
Ҷаласаи сарпарастони гурӯҳҳои академӣ
Раёсати корҳои тарбиявӣ ҷаласаи сарпарастони гурӯҳҳои академиро санаи 14-уми ноябри соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор намуд. Нишастро декани факултет Б.Ҷурахонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Номбурда дар баромадаш оид ба чанде аз мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар кори сарпарастони гурӯҳҳо сухан гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки дар донишгоҳ аз ҳама шахси наздиктарин барои донишҷӯён ин сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ба ҳисоб мераванд, ки аз тамоми бурду бохти донишҷӯёни гурӯҳи худ бохабаранд ва дар якҷоягӣ фаъолият менамоянд.
Баъдан сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Н.Икромов зимни баромадаш иброз дошт, ки самаранокии фаъолияти тарбиявии сарпарастони гурӯҳҳои академӣ пеш аз ҳама ба нақшаи корҳои тарбиявии тартибдода вобаста мебошад. Нақшаи корҳои тарбиявии мақсаднок аз рӯи нишондодҳои илмӣ таҳия шуда, барои роҳбари гурӯҳ роҳнамои асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳангоми тартиб додани нақшаи корҳои тарбиявӣ ба роҳбари гурӯҳ лозим меояд, ки чунин талаботи педагогии вазифаҳои таълиму тарбиявӣ, ки аз мазмуни Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дастурҳои Вазорати Маорифи Тоҷикистон оид ба таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба инобат гиранд.
Дар охири ҷаласа музокира миёни сарпарастони гурӯҳҳои академӣ сурат гирифт, ки дар он якчанд роҳҳои дигари кор бо донишҷӯён пешниҳод гардид.