Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арҷгузорӣ ба Президент дар Рӯзи Президент

Арҷгузорӣ ба Президент дар Рӯзи Президент

Рӯзи 16 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз вазорату ташкилотҳо чорабинии тантанавии пуршукуҳ баргузор гардид. Дар он Неъматзода Маликшо, раиси Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Саидзода Дилшод Мурод, сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Рамазон Сафар, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Ҳамоишро бо сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ кушода, аҳли нишастро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт. Ректор зимни суханронӣ аҳамияти таҷлили ин ҷашнро махсус таъкид дошта, гуфт, ки дар душвортарин лаҳзаи таърихи давлатдории тоҷикон ба майдони сиёсат омадани Пешвои миллат барои миллати мо ҳадяи тақдир буд. 
Мавсуф ҷашн гирифтани Рӯзи Президентро як навъ арҷгузорӣ ва эътирофи хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда, дар таҷрибаи корӣ истифода бурдани дониш, малака ва таҷрибаи Роҳбари давлатро аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷаҳон нишони эътибори ҷаҳонӣ доштани Эмомалӣ Раҳмон донист. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg

Баъдан Неъматзода М. баромад карда, дар бораи давраҳои ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карданаш ёд карда, аз садоқату фидокории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода гузашт. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки насли имрӯза шоҳидони асрҳои тиллоии давлати тоҷикон мебошанд, зеро ҳамаи дигаргуниҳо, рушду нумуи кишвар ва давлатсозию миллатсозӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва ихтиёрдорӣ сурат гирифт. Имрӯзҳо корҳои азими бунёдкориву созандагӣ идома дошта, шаҳру навоҳии кишвар ободу шукуфон гардидаанд ва самтҳои асосии хоҷагии халқ низ рӯ ба тараққӣ аст, ки дар амалисозии ин корҳо, бешак, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст. 
Имрӯзиёнро мебояд, ки дар атрофи Президенти худ сарҷамъ гардида, аз сиёсати пешгирифтаи эшон дастгирӣ намоем ва дар бунёдёдкорию созандагиҳо саҳм дошта бошем, гуфт дар ҷамъбаст Неъматзода М. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg

Сипас Саидзода Дилшод баромад карда, аҳли нишастро бо Рӯзи Президент табрик намуд ва дар бораи институти президентӣ ва ҷоришавии он дар мамлакат ва ҷойгоҳи ин санаи муборак дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар маълумоти муфассал дод. Мавсуф чунин қайд намуд, ки дар таърихи ҳар қавму миллат рӯйдоду марҳилаҳое ҳастанд, ки бо гузашти вақт арзишу манзалати онҳо волотар мегардад. Бо ин мазмун Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ёдовар шуд, ки барои мардуми мо, бешубҳа, рӯйдоди бемислу монанди таърихӣ ба шумор меравад, зеро ин рӯйдоди бузург Ватани моро, мардуми моро аз нестшавӣ наҷот дод ва барои ба даст овардани ваҳдати ҷовидонаи миллӣ роҳ кушод. Номи Қасри Арбоб аз ёдҳо ҳеҷ гоҳ намебарояд, зеро Қасри Арбоб ба миллат ва ба ҷаҳониён Арбоби давлатӣ Эмомалӣ Раҳмонро тақдим кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари миллати қадимаву бофарҳанг ва Ватани биҳиштосои мо дар ақсои олам буда, бо заковати фарогир, муҳаббату ифтихори беҳамтои ватандории худ ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста боло мебардоранд, гуфт Саидзода Дилшод. 
Дар идома мавсуф аз зарурати ҷоришавии институти президентӣ ва натиҷаҳои бадастомадаи он истода гузашт. 
Сипас дар чорабинӣ ду озмуни баргузоршуда бахшида ба Рӯзи Президент – «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» ва Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони сохторҳои донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Диплом, Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамин тавр Ҳабибов Сиёвуш, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ сазовори ҷойи аввал, Гесубону Давронзода, донишҷӯи курси 2, факултети молия ва қарз ҷои аввал, Нигора Муминова, донишҷӯи курси 2, факултети ҳисобдорӣ ва омор ҷойи дувум, Олимшо Салимзода, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз ва Фарангиз Наимова, донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ сазовори ҷои севум гардиданд. 
Ҳамзамон, Сипоснома, Ҷоми ректор ва мукофотпулӣ насиби дастаи факултети иқтисод ва бизнес, Сипоснома ба раёсати донишгоҳ барои ҷои 2 ва Сипоснома барои ҷои 3 насиби дастаи футболбозони факултети ҳисобдорӣ ва омор гардид. Сафаров Музаффар барои доварии одилона бо Ифтихорнома мукофотонида шуд. 
Инчунин Дилшод Давлатзода, мутахассиси шуъбаи табъу нашр бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар баробари ин, ба 25 нафар волонтёр – донишҷӯи донишгоҳ барои ҳамкорӣ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи КМИР супорида шуд. 
Дар охири ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони санъати ансамбли “Ҷавонӣ”-и донишгоҳ барномаи консертӣ пешниҳод гардид. Барнома фарогири мавзӯъҳои Пешвои миллат, Ватан ва Тоҷикистон буд, ки муҳаббату садоқати ҷавононро нисбат ба ин муқаддасот таҷассум менамуд. 



Машҳура Абдуллоева