Хабарҳо
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ
Санаи 14-уми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети молия ва қарз дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ» бо роҳбарии мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дотсент Бобоев Ҷамурод баргузор гардид. Дарси кушодро мудири кафедра ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ҳамчунин, Ҷ. Бобоев дар суханронии худ аз корнамоӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо саъю талошҳои шабонарӯзии ин ҷавонмарди асил миллати тоҷик аз вартаи нестӣ наҷот ёфта, имрӯз дар қатори давлатҳои рӯ ба тараққӣ қарор дорад.
Дар интиҳо мудири кафедра кулли ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои якояки онҳо комёбиҳо дар ҷодаи илм, фазои осоиш бар диёри биҳиштосои Тоҷикистон, сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии абадиро таманно намуд.