Хабарҳо
Мутобиқсозии самтҳои фаъолияти гумрукӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати гумрукӣ ҳамчун вазифаи асосӣ ва таъмин намудани риояи қонунгузории амалкунанда, ки назорати иҷрои он ба зиммааш гузошта шудааст, дар доираи салоҳияти худ тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.
Сиёсати гумрукӣ яке аз фишингҳои муҳими давлатӣ ба шумор рафта, ҳангоми истифодаи самараноки он ба афзоиши истеҳсолоти миллӣ метавон мусоидат кард.
Афзоиш ёфтани истеҳсолоти миллӣ бошад, дар навбати худ ба таъмини талаботи дохилӣ ва пешниҳоди ба содирот нигаронидашуда заминаи зарурӣ фароҳам меоварад.
Вобаста ба ин санаи 14-уми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ маҳфили «Зеҳн» дар мавзӯи «Мутобиқсозии самтҳои фаъолияти гумрукӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар он полковники хадамоти гумрук Ҷамшед Абдулқодирзода, сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, подполковник М.Маҳмудҷонов, муовини сардори муносибатҳои байналмилалӣ ва майори хадамоти гумрук А.Нозимов, сарнозири Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад мутахассисон қайд карданд, ки дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Хадамоти гумрук кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки бо мақсади мунтазам зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулот чораҳои дахлдор андешад.
Қайд гардид, ки бо мақсади мутобиқсозии пурраи самтҳои фаъолияти гумрукӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, №537 “Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон дар ҷамъбаст зимни музокира қайд гардид, ки Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.