Хабарҳо
Президенти мо - ифтихори мо
Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
Вобаста ба ин санаи 14-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташабуси садорати факултети иқтисод ва бизнес маҳфили тарбиявӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Президенти мо- ифтихори мо» баргузор гардид.
Сараввал барои арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Декани факултет Б.Сатторов зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар лаҳзаҳои барои Ватан тақдирсоз, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардида, тақдирашонро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайвастанд .
Сипас, дотсент Сайфулло Сафаров баромад намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян карданд. Барои иҷрои ин мақсадҳо тадбирҳое андешиданд, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд.
А.Давлатзода сардори раёсати корҳои тарбиявӣ бошад, зимни баромади худ қайд намуд, ки Президенти Тоҷикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамояд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи Сарвари давлат дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин, эдвайзер оид ба тарбия Ҷ.Халифазода, сухан гуфта, қайд намуд, ки таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромӯш намекунад. Аз ин лиҳоз, хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои зарин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд.
Дар фарҷоми маҳфил чанде аз устодон ва донишҷӯёни факултет барои саҳми арзанда гузоштан дар чорабиниҳои илмӣ, тарбиявию фарҳангӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии факултет бахшида ба ин санаи таърихӣ бо Сипосномаи раёсати корҳои тарбиявӣ ва садорати факултет сарфароз гардонида шуданд.