Хабарҳо
Самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти аудиторӣ
Зермаҳфили “Зеҳн”-и факултети ҳисобдорӣ ва омор санаи 17-уми ноябри соли равон дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Маърӯзачии маҳфили илмӣ директори ҶДММ “Тоҷик Аудит Сервис”, сармуҳосиби Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Парвиз Ҳалимов оид ба васеъ гардидани муносибатҳои иқтисодӣ ва таъсири манфии омилҳои дохилию берунӣ ба сатҳи рушди иқтисодиёти миллӣ ва зарурати рушди фаъолияти аудиторӣ баромад намуд. П.Ҳалимов махсусан қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти аудиторӣ дақиқ карда шудаанд, ки мақомоти ваколатдор нақша-чорабиниҳоро ҷиҳати татбиқи онҳо тартиб додааст.
Инчунин, қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии рушди фаъолияти аудиторӣ устувор гардонида шудаанд, ки ин барои рушди минбаъдаи бозори хизматрасониҳои аудиторӣ имконият медиҳад. ва солҳои охир ба бозори хизматрасониҳои аудитории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои аудитории бонуфузи кишварҳои хориҷӣ ворид шудаанд, ки ин имконияти истифодаи таҷрибаи хориҷӣ ва дурнамои рушди аудити ватаниро таъмин хоҳад кард.
Маърӯзачӣ дар интиҳо заминаҳои институтсионалии соҳаи аудит, такмили аудити ватанӣ ва истифодаи таҷрибаи хориҷиро самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Дар рафти музокира ва суолу ҷавоб мушкилот ва роҳҳои рушди соҳа баррасӣ гардид.
Р.Саидов, муовини декан оид ба илми факултет