Хабарҳо
Нақш, мақом ва аҳамияти забони русӣ дар кишвар
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии мамлакат, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд. Вобаста ба ин санаи 14-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи русӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақш, мақом ва аҳамияти забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар муовини президенти Акедемияи таҳсилоти Тоҷикистон, академик Ирина Каримова иштирок карда, оид ба мақом ва нақши забони русӣ дар ҷумҳурӣ баромад намуд.
Мавсуф дар бораи аҳамияти забони русӣ ва таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат ба омӯзиши ин забони байналмилалӣ истода гузашта, зарурати такмили ихтисоси муаллимони фаннӣ ва болобурди сифати таълими забони русиро дар муассисаҳои таълимӣ муҳим донист.
Дар ин суҳбат муовини ректор оид ба илм Сафаров Б.Г., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Қодирова Б.А., Наврӯзова Г., мудир ва устодони кафедраи забони русӣ, инчунин омӯзгорони дигар кафедраҳо ва донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ширкати фаъол ва баромад карданд. Дар охири нишаст саволу ҷавоб, махсусан роҷеъ ба нақши забони русӣ ва аҳамияти он дар замони муосир, рушди илму техника, иқтисодиёт ва раванди ҷаҳонишавӣ доир гардид, ки аз ин ҳозирин маълумоти зиёди зарурӣ гирифтанд.