Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бизнес-тренинг барои ҷавонон

Бизнес-тренинг барои ҷавонон

Баҳри татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва пешбурди бизнеси дохилию берунӣ санаи 18-уми ноябри соли равон бо ташабусси раёсати корҳои тарбиявӣ ва садорати факултети иқтисод ва бизнес бизнес-тренинг гузаронида шуд, ки дар он Маҳкамбой Гулов, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ, Рустам Раҳматулло, соҳибкор, бизнес-тренер, мушовири молиявӣ ва директори ширкати «KHUJAND STAR», устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд. 
Сараввал тренингро эдвайзер оид ба тарбияи факултет Ҷ.Халифазода кушода, қайд намуд, ки ҳоло беҳтар кардани фазои иқтисодии кишвар танҳо бо роҳи ҳарчи бештар татбиқ кардан ва инкишоф додани муносибатҳои иқтисодӣ ва мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ имконпазир аст. Аз ин ҷиҳат соҳибкорӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ бояд зинаҳои сифатан навро дар инкишофи истеҳсолот таъмин намояд. Бинобар ин, дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи мамлакат барпо кардани шароитҳои ҳавасмандии зарурӣ барои равнақи фаъолияти соҳибкорӣ нақши бағоят муҳим дорад. Номбурда таъкид дошт, ки ба назари эътибор гирифтани хусусиятҳои фаъолияти соҳибкорӣ, муҳайё кардани шароитҳо барои оқилона истифода кардани неруи пуриқтидори он метавонад ба иқтисодиёти кишвар қувваи тоза бахшида, онро ба шоҳроҳи инкишофи мутамаддин ворид созад. 
Дар идома бизнес-тренер Рустам Раҳматулло дар мавзӯи «Ташкил ва пешбурди бизнес дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Дар машварати мазкур оид ба паҳлуҳои гуногуни ташкили бизнес ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, ба мисли машваратҳои консалтингӣ, бюрои тарҷумонӣ, иттифоқи қарзӣ, дарёфт ва интихоби бизнес-ғояҳо, навиштани бизнес-план(нақшаи тиҷоратӣ), дарёфти сармоя барои лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва ташкили бизнес бе сармояи аввалия ба донишҷӯён донишҳои амалӣ дода шуд. 
Дар фарҷоми тренинг музокира ва саволу ҷавоб доир гардид.