Хабарҳо
Низоми молиявии давлатҳои мутараққӣ
Санаи 19 ноябри соли равон дар кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, маҳфили илмии донишҷӯён гузаронида шуд. Дар маҳфил донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ Моҳҷабини Ғиёсиддинзода дар мавзӯи «Низоми молиявии давлатҳои мутараққӣ ва хусусиятҳои хоси онҳо», баромад намуд. Зимни маърӯза донишҷӯ қайд намуд, ки низоми молиявӣ маҷмӯи соҳаҳои гуногуни муносибатҳои молиявӣ мебошад, ки ҳар яке бо хусусиятҳои хоси худ дар ташаккул ва истифодабарии фондҳои воситаҳои пулӣ фарқ мекунанд. Низоми молиявии ҳар як давлат аз сохтори давлатии он вобаста мебошад. Илова бояд намуд, ки низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду қисми таркибӣ: молияи субъектҳои хоҷагидорӣ ва молияи умумидавлатӣ иборат мебошад.
Баромадкунанда дар баёни мавзӯи маҳфил, низоми молиявии давлатҳои мутараққӣ ва хусусиятҳои хоси онҳоро дар мисоли низоми молиявии ИМА, Ҷопон ва Олмон баррасӣ намуда, хусусиятҳои хоси онҳоро қайд кард. Инчунин, зикр намуд, ки низоми молиявии ИМА, ки аз лиҳози потенсиали иқтисодӣ ва дараҷаи пешравии иқтисодиёт пешрафттарин давлати ҷаҳон ба шумор меравад ва ин давлат аз лиҳози масоҳат ва миқдори аҳолӣ ба гурӯҳи мамлакатҳои бузурги ҷаҳон дохил мешавад, ки 7% масоҳати ҷаҳонро ишғол намуда, 4,6 % аҳолии ҷаҳон (тақрибан 328 млн. нафар одамон)-ро дар бар мегирад.
Баъдан, дар музокира мудири кафедра, дотсент, М.Буриева ва ассистенти кафедра М.Ҳакимов баромад намуда, ҷиҳати низомҳои давлатҳои мутараққӣ фикру хулосаҳои хешро иброз доштанд.
Дар фарҷоми маҳфил дар байни донишҷӯён саволу ҷавобҳо доир ба мавзӯи баррасишуда сурат гирифт.
Б.Раҳимов, котиби МИД-и кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ