Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ

Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ

Санаи 21-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети ҳисобдорӣ ва омор бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ дар мавзӯи “Эҳтиром доштан ба муқаддасоти миллӣ” баргузор гардид. Нахуст декани факултет дотсент Б.Ҷурахонзода ҳозиринро ба Рӯзи Парчам табрик кард ва доир ба таърихи парчам ва моҳияти он дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. 
Сипас, сухан ба Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Р.Раҳматзода дода шуд. Мавсуф дар маърӯзаи худ оид ба эҳтиром гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ - Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, нақши онро дар муаррифӣ намудани дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Профессор Р.Раҳматзода илова намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад. 
Дар фарҷоми чорабинӣ муҳокима сурат гирифт, ки дар он дотсент С.Маъдиев ва дотсент И.Фасеҳзода баромад намуда, эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатиро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус арзёбӣ намуданд. 
Р.Саидов, муовини декани факултет оид ба илм