Хабарҳо
Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ
Бо ташаббуси кафедраи андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ курси махсус барои донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар санаи 21-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Назир Назризода, мутахассиси пешбари Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ" баромад намуд. Н.Назризода зимни баромад қайд намуд, ки соҳаи андоз яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иқтисодии давлат ва шаҳрвандонашро танзим менамояд ва ба ин васила мардумро шарики инкишофу пешравии мамлакат карда, дар тарбияи эҳсосу масъулияти вазифашиносиаш саҳми мустақим мегузорад.
Инчунин, гуфта шуд, ки сиёсати андоз дар асоси дастуру супоришҳо ва раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат зина ба зина роҳандозӣ шуда истодааст. То имрӯз дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин, рушди соҳаҳои дигар тадбирҳои муҳим андешида ва амалӣ шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки курси махсус дар асоси нақшаи чорабиниҳои байни ДДМИТ ва Кумитаи андоз оид ба гузаронидани курсҳои махсус аз тарафи кормандони Кумита барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи андоз бо мавзӯъҳои актуалии соҳаи андоз ва андозбандӣ ба роҳ монда шудааст.