Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин сана 23-юми ноябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес ба изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз» баргузор гардид. 
Сараввал барои арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суруди «Парчами Коваён» садо дод. Баъдан, декани факултет Б.Сатторов суханронӣ намуда, қайд кард, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ ва дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамз шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. 
Сипас дотсент Сайфуло Сафаров вобаста ба таърихи пайдоиши парчам баромад намуд. С.Сафаров иброз дошт, ки парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давладорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, ки таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон мебошад, гардиданд. 
Дар идомаи чорабинӣ сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода зимни сухарониаш қайд намуд, ки 24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби рамзи давлатдории мустақил ва соҳибистиқлолӣ, Парчами давлатӣ гардид. Соли 2009 бо ташаббуси Президенти мамлакат ин санаи муҳим "Рӯзи Парчами давлатӣ» эълон гардид.