Хабарҳо
Табрикоти ректори ДДМИТ муҳтарам Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Ҳамватанони гиромӣ!
Барои миллати тамаддунофари тоҷик парчам рамзи садоқату ватандорӣ, далериву шуҷоат ва воситаи муттаҳидкунандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо парчами миллӣ ва зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор ниҳода истодаем. Аз рӯзи тасдиқ гардидани парчами миллӣ миллати мо ин рамзи давлатдориро бо муҳаббату садоқат ба Ватану миллат баланд бардошта, ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар атрофи он муттаҳид гаштаанд. Парчами миллӣ ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллиро баланд мебардорад ва дар қалби сокинони кишвар умедро нисбати ояндаи боз дурахшонтар зиёд мекунад.
Дар тӯли асрҳо миллати бостонии мо парчамро ҳамчун рамзи муқовимату мубориза барои озодиву истиқлолият истифода намуда, ба ғалабаҳои бузург ноил гардидааст. Ойини парчамдории мо – тоҷикон намунаи ибрат барои тамоми халқҳои олам аст. Дар таърихи рушди худ миллати мо ҳамеша парчамдор буд ва Дирафши ковиёнӣ барои мо ҳамеша азизу муқаддас боқӣ мемонад.
Сокинони кишвар фаромӯш накардаанд, ки парчами давлатии мо дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ – ҷанги шаҳрвандӣ қабул ва тасдиқ шудааст. Парчами дар шароити душвор тасдиқшуда барои миллати азияткашидаи мо нури умед гардида, ба он тавону зӯри тоза бахшид. Ин парчам барои муттаҳидгардии қувваҳои солими кишвар ва баланд бардоштани эҳсоси миллии онҳо заминаи мустаҳкам фаро овард.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Имрӯзҳо миллати сарфарози мо дар атрофи ин рамзи муқаддаси миллӣ муттаҳиданд ва рӯ ба ояндаи дурахшонанд.
Аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландиву хонаободӣ, бахту иқболи нек ва бурдбориҳои беназирро орзумандем.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азизу арҷманд!