Хабарҳо
Парчами миллӣ – рамзи истиқлолияти миллӣ
Рӯзи 23-юми ноябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро Амрулло Нурализода, декани факултет ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.
Сипас, Азизулло Сафаров, дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзӯи “Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдату ягонагии миллат” маърӯза намуда, қайд намуд, ки имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Воқеан ҳам, давлати соҳибистиқлолро бидуни рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Баъдан, Шукрона Раҳимова, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси кори бонкӣ дар мавзӯи “Парчами миллӣ – рамзи Истиқлолияти миллӣ” ва Кароматулло Ҷалолов, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси молия дар мавзӯи “Шаъну шони Ватан парчам аст” баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ зикр намуд, ки моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.