Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

- Эҳтирому қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат ва миллати хеш аст, гуфт Шукрулло Хайрзода, ректори донишгоҳ зимни ифтитоҳи чорабинии сиёсию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рӯзи 24 ноябри соли равон бо доираи васеи устодону кормандон ва донишҷӯён ва меҳмонон доир гардид. Ректор ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки қабули Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нахустин тасмимҳое буд, ки дар ташаккул ва эъмори давлати мустақили тоҷикон нақши ниҳоят муҳим дорад. 
Феълан Парчами давлатии мо дар баробари парчамҳои дигар мамлакатҳои бонуфузи ҷаҳон дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Парафшонии Парчами давлатӣ ин нишонаи рушду инкишофи давлат аст. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. 
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободии халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми парчами давлатии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg



Мардуми шарафманди тоҷик зери Парчаму ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузорад ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд. 
Хушбахтона, имрӯзҳо сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни ҳавлии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон парафшон аст ва он нишони эҳтирому қадршиносии самимии аҳли коллективи меҳнатӣ ва толибилмон нисбати ин муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад ва барои тақвияти худшиносии миллии ҷавонон мусоидат мекунад. Бигзор то ҷаҳон ҳаст, парчами миллии мо парафшон бошад, гуфт дар охир Хайрзода Ш.Қ. 
Дар идома дар доираи аксия намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ барои ҳамкории судманд ба ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло ва Абдуалимзода Ҳакимбек, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим нишони сарисинагӣ тақдим намуд. 
Баъдан меҳмони чорабинӣ Розиқ Саидзода, корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ баромад карда, аҳли толорро бо ин ҷашн муборакбод гуфта, эҳтирому бузургдошти Парчами давлатиро қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа маънидод кард. Сипас аз номи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ ба якчанд нафар устодону кормандон, аз ҷумла Қодиров Ҷ., Сафарова Г., Абдураҳмони Б., Давлатова М., Мухторов З., Мирзоалиев М. барои фаъолияти пурсамар ва таҳкими ҳаракати иттифоқи касаба Сипоснома тақдим карда шуд. 
Дар идома барномаи консертӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона, тақлидкорӣ, бадеҳахонӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки бозгӯи ифтихори миллӣ буд. 


Машҳура Абдуллоева