Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчами давлатӣ - нишонаи бақои давлат ва ваҳдату ягонагӣ

Парчами давлатӣ - нишонаи бақои давлат ва ваҳдату ягонагӣ

Санаи 24-уми ноябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро декани факултет Қ.Муқимов ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин муносибат табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолро бидуни рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, парчами давлатии Тоҷикистон нишонаи давлатдорӣ ва ҳувияти миллии ҳар яки мост. Номбурда, инчунин, таъкид кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. 
Дар идома зимни баромадаш сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода гуфт, ки Парчами давлатӣ нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон ба шумор меравад. 
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти муҳимияти суннати парчамдорӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосир баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллӣ қабул гардид.