Хабарҳо
Баррасии нақши ХБА дар рушди иқтисоди миллии кишвар
Санаи 26-уми ноябри соли равон дар толори конфронсии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзӯи «Нақши Хазинаи байналмилалии асъор дар рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба» баргузор гардид.
Дар оғоз муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров вобаста ба нақши ҳамкориҳои молиявӣ, таҳияи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо ин ташкилоти бонуфузи молиявии ҷаҳон - Хазинаи байналмилалии асъор сухан ронд.
Сипас муовини вазири молия, дотсенти кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалии ДДМИТ Маҷидӣ Юсуф дар мавзӯи «Чораҳои андешидаи Вазорати молия вобаста ба тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати коҳиш додани қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. М.Юсуф зимни баромад оид ба таҳияи Барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи механизми васеи қарздиҳӣ, инчунин ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо ХБА ва шарикони рушд дар доираи афзалиятҳои стратегии рушди кишвар барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлатӣ, маблағгузорӣ, ислоҳот дар соҳаи иқтисодиёт, сиёсати фискалӣ ва қарзӣ ибрози андеша намуд.
-Хазинаи байналмилалии асъор аввали моҳи марти соли 2020 барои дастгирии молиявии кишварҳои аъзои ин созмон ҷиҳати ҷудо намудани кумаки молиявӣ дар ҳаҷми 1 триллион доллари амрикоӣ изҳорот қабул намуд. Дар баробари дигар кишварҳои аъзо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти қарзи оҷилӣ ва имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор нимаи аввали моҳи марти соли 2020 расман муроҷиат намуд. Дархости Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби ин созмони молиявии ҷаҳонӣ қабул гардид ва натиҷаи гуфтушунидҳо барои ҷалби 80 фоизи квотаи қарзгирии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, яъне 189,0 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун қарзи имтиёзноки дарозмуддат барои 10 сол бо 5 соли имтиёзӣ мувофиқоти зарурӣ ба даст омад. – гуфт, муовини вазири молия зимни баромад. Мавсуф, инчунин илова дошт, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимолияти зиёди коҳишёбии ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, маблағҳои қарзии ҷалбшуда, ки барои дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши ҳаҷми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона карда шудаанд.
Дар идома сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ дар мавзӯи «Тавсияҳо ва ҳамкориҳои ХБА ҷиҳати пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» маърӯза намуд. Д.Шарифӣ зимни маърӯза вобаста ба вазъи иқтисодии ҷаҳон дар замони пандемияи COVID-19, сиёсати пулию қарзӣ, таваррум ва меъёри бозтамвил ибрози андеша намуд.
«Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ бинобар таъсири пандемияи коронавирус - COVID-19 ва бо назардошти нисбатан муътадил гардидани интизориҳои таваррумӣ дар ҷаҳон ва дар дохили ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии бахши воқеии иқтисодиёти кишвар меъёри бозтамвил ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуд. Тибқи маълумоти омори расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ММД – и номиналӣ дар моҳҳои январ – июни соли равон маблағи 32,4 млрд. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он ба 3,5 фоиз баробар шуд. Бинобар таъсири манфии пандемияи коронавирус (COVID-19) рушди иқтисодиёти кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 банди фоизӣ паст мебошад». – иброз дошт, зимни баромад Шарифӣ Д. Номбурда таъкид дошт, ки эҳтимолияти идомаёбии паҳншавии пандемияи коронавирус дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон ва минтақа таъсири манфии худро метавонад ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ ва маҷмӯи талаботи аҳолӣ расонад.
Ҳамзамон, зимни музокира аз ҷониби Х.Ҷумабоев, С.Ҳаитов ва А.Сафаров масъалаи ҳадафҳои сиёсати қарзӣ, ислоҳот дар соҳаи иқтисодиёт ва сиёсати ҳавасмандгардонии ХБА мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки вобаста ба ҳолати пандемияи коронавирус ва эҳтимолияти сар задани мавҷи дуюми бемории мазкур, кам шудани талабот, суст шудани фаъолнокии иқтисодиёт ва дигар омилҳо аксари бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт бо назардошти интизориҳои сатҳи пасти таваррум сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд, ки яке аз ин ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ ХБА мебошад.
Нуралӣ Раҳимзода