Хабарҳо
Устодони ДДМИТ аз аттестатсия мегузаранд
Рӯзи 27 ноябри соли равон дар ДДМИТ устодони кафедраҳои умумидонишгоҳии математикаи олӣ, фанҳои табиатшиносӣ, забони русӣ ва забони англисӣ аз аттестатсия гузаштанд.
Дар оғози аттестатсия муовини ректор оид ба илм Сафаров Б.Г. суханронӣ намуда, ҳайати комиссияро муаррифӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки раиси комиссияи аттестатсионӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, котиби комиссия, мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодуллозода Аҳлиддин, аъзоёни комиссия, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Саидзода Шоҳин, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Рамазон буданд. Он дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз аттестатсия гузаронидани ҳайати профессорону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз рӯйи саволнома ва Низомномаи аттестатсияи омӯзгорон ва ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои тақвияти дониш ва малакаи онҳо гузаронида мешавад. Натиҷаи аттестатсия рӯзҳои наздик муайян мегардад.
Мавриди зикр аст, ки аттестатсия дар МТОК дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30.08.2017с. зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баён намуда буданд, гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли равон Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.