Хабарҳо
Ташаккули тафаккури соҳибкории донишҷӯдухтарон
Санаи 27-уми ноябри соли равон мизи мудаввар дар ҳошияи татбиқи лоиҳаи грантии «Ташаккули тафаккури соҳибкории донишҷӯдухтарон дар асоси баланд бардоштани сифати таълим ва зисти онҳо дар хобгоҳи муассисаи олӣ» бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, кордиҳандагони соҳавӣ ва вазоратҳои дахлдор ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва тавсеаи ғояҳои инноватсионии донишҷӯдухтарони хатмкунандаи ДДМИТ ва натиҷагирӣ аз лоиҳаи мазкур баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар натиҷагирӣ ба воситаи пешниҳод намудани бизнес-идеяҳои инноватсионӣ аз ҷониби донишҷӯдухтарон бо рӯнамои нақша-лоиҳаҳои мушаххас дар самти тақвият ва рушди соҳибкории занон бо асосҳои назариявӣ ва асоснокгардонии техникию молиявӣ пешниҳод гардид. Зимни рӯнамоиҳо гуфта шуд, ки барои татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар, рушди минтақаҳо, алалхусус ноҳияҳои тобеи марказ аз рӯйи ҳадафҳои стратегӣ омили таъсирбахш мебошанд.
Дар ҷамъбаст ба гурӯҳи донишҷӯдухтарон сертификати курси омӯзишӣ супорида шуд.
С.Маъдиев, координатори лоиҳа,
Ф.Сайфиддинов, мутахассис оид ба харид ва мониторинг