Хабарҳо
Сарсабзии пойтахт - мароми мо
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи муассиса бо иштироки кормандони раёсати хоҷагӣ ва донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес шанбегӣ гузаронида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар саҳни ҳавлии донишгоҳ арчаҳои нав шинонида шуда, заминҳои атроф нарм карда шуданд. Дар баробар ин, дар дохили биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо корҳои тозагиву ободонӣ, ба монанди рӯбучини баргҳои хушки дарахтон, шустушӯйи дару тирезаҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо ба анҷом расонида шуд.