Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Татбиқи низоми «Равзанаи ягона»

Татбиқи низоми «Равзанаи ягона»

Таҳти унвони «Татбиқи низоми иттилоотии “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” ва нақши мақомоти салоҳиятдор дар татбиқи он» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. 
Дар оғоз муовини якуми сардори Хадамоти гумрук генерал-майор Азим Ҳайдар оид ба моҳияти низоми “Равзанаи ягона” барои пешбурди тиҷорати беруна суханронӣ намуд. Сипас Лочин Файзуллозода, директори КВД “Маркази Равзанаи ягона” оид ба раванди ташаккул ва фаъолияти низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, тариқи монитор рӯнамоии онро нишон дод. 
Ҳамчунин, роҳбари Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ёр Одина дар мавзӯи “Равзанаи ягонаи мақомоти гумрук - омили шаффофияти фаъолияти гумрукӣ ва рушди хизматрасониҳои электронии гумрукӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ”, Баҳодур Раҳимзода, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати нақш ва мавқеи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ”, Қудратулло Мираков, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар хусуси содагардонӣ ва назорати гумрукӣ дар сарҳад тавассути ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ва дигар иштирокдорон маърӯзаҳои хешро ироа намуданд. 
Дар охир роҳбари Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ёр Одина пешниҳод намуд, то барои огоҳии бештар пайдо намудани низоми мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар онҳо факултетҳо вобаста ба самти гумрук фаъолият менамоянд, фанни “Равзанаи ягона” ҷорӣ карда шавад. 


Қ. Мираков, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ