Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии муаммоҳои танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ

Баррасии муаммоҳои танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ

Рӯзи 1 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи молия семинари илмӣ-методи дар мавзӯи «Муаммоҳои ташкил ва танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки баромадкунанда профессори кафедраи молия Бегматов А.А. буд. 
Тавре профессор дар баромадаш қайд кард, муносибатҳои байнибуҷетӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти низоми буҷетӣ ба ҳисоб меравад. Мақсад аз ташкил ва густариши чунин муносибатҳо ин баробарсозӣ ва ҳалли саривақтии мушкилоти молиявӣ ва маблағгузории бахшҳои иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат маҳсуб меёбад. Дар баробари ташаккул ва васеъ гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ- хоҷагидорӣ нақши захираҳои буҷетӣ ва тақсими мутавозуни онҳо бо мақсади амалигардонӣ ва бадастоварии натиҷаҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ муҳим дониста мешавад. 
Инчунин, қайд гардид, ки дар баробари маблағгузориҳои субвенсионӣ ва дотатсияҳо, ки ҳадафи ниҳоии он ташкили сохтору ниҳодҳои зарурӣ мебошад, имкони дар оянда баромадан аз чунин дастгирии молиявӣ ва табдил ёфтан ба буҷетҳои устуворгардида ва худмаблағгузор дар назар дошта шудааст. 
Дар охир доир ба мавзӯи матраҳшаванда устодони кафедра ва факултет Давлатов Х.М., Сафаров А.И., Зубайдов Ҷ.И., Сафаров Ш.Ш. баромад намуда, фикру ақидаҳои худро оид ба ҳолати муосир ва дурнамои рушди муносибатҳои байнибуҷетӣ дар кишвар баён намуданд.