Хабарҳо
Равандҳои муосир дар илми менеҷмент
Рӯзи 2-юми декабри соли равон бахшида ба солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо ташаббуси кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Равандҳои муосир дар илми менеҷмент» баргузор гардид.
Дар мизи гирд профессор Т.Ғаниев дар мавзӯи «Қонунияти замонии рушди фарҳанги сарватшиносӣ ва созандагӣ дар менеҷменти муосири касбӣ» баромад намуда, оид ба сармояи вақт, имконоти ақлониву ҳунарии созанда, сарвати нотакрори иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳозирин маълумот дод.
Профессор Т.Ғаниев зимни маърӯза гуфт, ки менеҷменти муосири касбӣ масоили санъату хариди ташкили идоракунии касбии равониву иқтисодӣ ва вақтшиносӣ, асосҳои назариявии мактабсозиву сарварсозӣ, таълимоти бефосилаи касбӣ-электронӣ ва ташаккули менеҷменти муносибатҳои байналмилалиро дар корпоратсияҳову ширкатҳо ва корхонаву муассисаҳои ватаниву хориҷӣ, нигоҳи донишмандони таърихии ҷаҳонии форсу тоҷик ба рушду ташаккули илму санъату хирад ва хештаншиносиву оинасозии роҳбарӣ, фарҳанги сарватшиносиву созандагиро дар роҳбарӣ дар бар мегирад.
Инчунин, таъкид шуд, ки дар менеҷменти муосири байналмилалӣ, роҳбарии стратегии ҳайати кормандон ҳамчун асоси рушди устувори менеҷменти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳисобида мешавад. Ҳамзамон вобаста ба идоракунии молиявӣ ва сармоягузорӣ ва ташкили ҳамкориҳои илмӣ - техникӣ ва рушди технологӣ, роҳбарии зиддибуҳронӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди системаҳои инноватсионии рақобатпазирӣ дар идоракунии менеҷменти ширкатҳои байналмилалӣ ва иқтисоди сабз дар фарҳанги сарватшиносӣ ва созандагии менеҷменти муосири ҷаҳонӣ ба ҳозирин маълумот дода шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки менеҷмент ҳамчун илм идоракунӣ, роҳбарӣ ва ташкили истеҳсолот, қоидаҳо ва усулҳои идоравиеро фаро мегирад, ки бо мақсади баландбардории самаранокии истеҳсолот ва манфиат равона карда шудааст.
Раҳимзода Н.