Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Зарурати рушди системаи инноватсионии миллӣ

Зарурати рушди системаи инноватсионии миллӣ

Рӯзи 2 декабр дар кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт дарси кушоди устоди кафедра Парвиз Бобомуродов дар мавзӯи “Зарурати рушди системаи инноватсионии миллӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ” баргузор гардид. Дар он аз шуъбаи маниторинги сифати таълим дотсент А. Муллоҷонов, устодони кафедраҳои факултет, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-40010202 ва дигарон иштирок намуданд. 
Парвиз Бобомуродов дар рафти дарс зикр намуд, ки мафҳуми «инноватсия» аввалин маротиба дар корҳои илмии иқтисодчии австриягӣ ва амрикоӣ Й. Шумпетер истифода шудааст. Ба ақидаи ӯ, инноватсия як навъи фаъолияти илмию ташкилии тағйирёбандаи омилҳои истеҳсолиест, ки тавассути фаъолияти соҳибкорӣ ташаккул меёбад. 
Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар) бояд татбиқи инноватсияҳо дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ амалӣ карда шаванд. 
Вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо дар замони муосир бо рушди инноватсионии худ вобастагии зич дорад. Дар шароити муосир рушди иқтисодии мамлакат аз дараҷаи рушди инноватсионии он вобаста аст. 
Ҳамчунин, дар фарҷоми дарс устод бо таҳлили тадбирҳои зарурӣ пардохта, афзуд, ки метавон маҷмӯи чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ, ташкилӣ, техникӣ ва иҷтимоиро тавсиф намуд, ки дар ояндаи наздик вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тағйир дода, барои бунёд, рушд ва ташаккули муҳити инноватсионии кишвар кафолат медиҳад.