Хабарҳо
Дарахт биншон!
Дар ДДМИТ маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад
Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар ДДМИТ рӯзи 3-юми декабри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони хоҷагидории муассиса беш аз 20 бех дарахтони ҳамешасабзи санавбару ардач шинонида шуданд. Ҳадаф аз маъракаи ободонӣ ин сабзу хуррамгардонӣ, ниҳолшинонӣ ва дар таъмини муҳити тозаи экологӣ миёни аҳли ҷомеа саҳм гузоштан аст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад.
Бо ин амал аҳли коллективи меҳнатӣ дар сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва тозагии муҳити зист саҳм мегузоранд.