Хабарҳо
Боздиди муовини вазир аз донишгоҳ
Ҷиҳати гузаронидани корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ рӯзи 4-уми декабри соли равон масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДМИТ ташриф оварданд. Ҳайати меҳмонон аз муовини вазир Шодихон Ҷамшед, муовини Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатмурод Олимов, сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонавии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Хуршед Сафаров ва мутахассиси пешбари бахши иттилоот, таҳлил ва омори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукрулло Қодиров иборат буданд.
Ш.Ҷамшед ва ҳайати гурӯҳ аз даромадгоҳи донишгоҳ дидан намуданд, ки пости доимӣ таъсис дода шуда, тамоми устодону кормандон ва донишҷӯёну меҳмонони ба муассиса воридшаванда танҳо пас аз пӯшидани ниқоб ва истифода аз маҳлулҳои зиддиуфунӣ ворид мешаванд.
Аснои боздид Шодихон Ҷамшед бо ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода, масъулини донишгоҳ ва донишҷӯён вохурӣ намуда, оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 дар байни донишҷӯён, махсусан пӯшидани ниқоби тиббӣ суҳбат намуд.
Ҳамзамон, масъулини вазорат ба як қатор синфхонаҳои донишгоҳ ворид шуда, бо донишҷӯён суҳбат намуданд. Ба муовини вазир иттилоъ дода шуд, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти COVID-19 дар муассиса ҳамаи чораҳои зиддиэпидемиологӣ андешида шудааст. Дар баробари ин аз роҳбарияти муассиса даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратро оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус боз ҳам пурзӯр намоянд.