Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ВНМО яке аз бемориҳои хатарнок

ВНМО яке аз бемориҳои хатарнок

Санаи 3-юми декабри соли равон бо ташаббуси нуқтаи тиббӣ ва раёсати корҳои маъмурию хоҷагидорӣ дар ДДМИТ чорабинӣ бахшида ба Рӯзи мубориза бо ВНМО баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ Робия Раҳмонова, мутасаддӣ оид ба барномаи ВНМО ва Нигина Камолова, мутахассиси Маркази саломатии шаҳрии рақами №1 иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Зимни баромадҳо гуфта шуд, ки хатари паҳншавӣ ва олудасозии миллат бо ин вируси хатарнок нигаронкунанда мебошад, бинобар ин нақши ҷавонони кишвар дар мубориза бо пешгирӣ ва паҳни ВИЧ/СПИД муҳим аст. 
Инчунин, аз ҷониби мутассисони соҳаи тиб оид ба пайдоиш, роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирӣ аз мубтало шудан ба Вируси норасоии масунияти одам маълумот ироа гардид. Ишора намуданд, ки ВНМО бемориест, ки онро барангезандаҳои норасоии масунияти бадан пайдо менамоянд. ВНМО танҳо дар ҳуҷайраҳои қувваи муҳофизавии бадан инкишоф ёфта метавонад. 
Дар идома барои тақвияти дониши толибилмон оид ба ВНМО викторина доир шуда, донишҷӯёни ғолиб соҳиби туҳфаҳо гардиданд. 
Ёдовар бояд шуд, ки ВНМО/СПИД яке аз бемориҳои хатарнок ба ҳисоб рафта, то имрӯз табобати гирифторони ин вируси марговар муайян нашудааст. Аввалин мавриди гирифторӣ ба ВНМО/СПИД дар Тоҷикистон соли 1992 сабт шудааст.