Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таъсири буҳрони молиявии COVID-19 ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ

Таъсири буҳрони молиявии COVID-19 ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ

Паҳншавии коронавирус ба рушди иқтисоди ҷаҳон таъсири зиёд расонидааст. Вобаста ба ин роҳбарон ва ниҳодҳои марбутаи тамоми кишварҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсири он ба иқтисодиёти кишвари худ тадбирҳои оҷилию судманд меандешанд. 
Дар вобастагӣ ба ин мавзӯъ рӯзи 3-юми декабри соли равон дар ДДМИТ маҳфили илмӣ доир гардид. Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳ.Исайнов дар мавзӯи «Таъсири буҳрони молиявии COVID-19 ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ: вазъи имрӯзаи Тоҷикистон» маърӯза намуд. Номбурда аз вазъи иқтисодӣ, ки коҳишёбии бошиддати иқтисодиёт дар соли 2020 дар замони пандемияи коронавирус ба амал омадааст, изҳори нигаронӣ карда, онро бесобиқа унвон намуд. Мавсуф илова дошт, ки аз рӯйи баҳодиҳии Бонки осиёии рушд зарари умумии иқтисоди ҷаҳон аз ҳисоби пандемия 5,8 триллион долларро ташкил хоҳад дод. 
Инчунин, профессор оид ба таъсири бемории сироятии COVID-19 ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, паёмадҳои он, андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати кам кардани таъсир ва суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон андешаронӣ намуд. Гуфта шуд, ки дар робита ба паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон омилҳо ва хавфҳои берунаи ба рушди иқтисоди миллӣ таъсиррасонанда, ин ба таври назаррас коҳишёбии нархи ҷаҳонии молу маҳсулоти асосии содиротии кишвар, бахусус нахи пахта ва алюминий, қатъ шудани мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалӣ, таназзули соҳаҳои сайёҳӣ, нақлиёти ҳавоию заминӣ, савдо, хизматрасонӣ, бахусус хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, кам шудани воридоти сармояи хориҷӣ ва коҳишёбии интиқоли пулӣ мебошад. 
Тибқи баҳодиҳии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иқтисодиёти Тоҷикистон бо назардошти ба инобат гирифтани таъсири омилҳои беруна, бахусус бемории сироятии COVID-19 дар соли 2020 аз 4,7 то 5,5% рушд хоҳад ёфт. 
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.