Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи молиячиён

Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи молиячиён

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия санаи 7 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи молия мизи мудаввар дар мавзӯи «Низоми молиявӣ дар шароити саноатикунонии мамлакат» доир гардид. 
Онро бо сухани муқаддимавӣ Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ оғоз карда, қайд намуд, ки таҷлили ин рӯз эътирофи саҳми барҷастаи кормандони мақомоти молияро дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи навин таҷассум месозад. 
Сипас намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Бобоев дар мавзӯи «Нақши молияи давлатӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар» маърӯза кард. Мавсуф таъкид дошт, ки барои самаранокии идораи давлатӣ ва дар самти банақшагирии буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати молия чандин ислоҳот дар ин самт амалӣ гардидааст, ки инҳо амалисозии Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, мутобиқсозии гурӯҳбандии буҷетӣ ба стандартҳои байналмилалӣ - ҷоринамоии гӯрӯҳбандии барномавӣ мебошад, ки дар шаш соҳа амалӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. 
Ислоҳоти дигар ин ҷоринамоии системаи электронии маркази иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ (SGB-net) аст, ки барои самаранокӣ, шаффофият ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ мусоидат менамояд. 
Ҳамзамон Бобоев Б. нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро аз рӯи иҷроиши воқеӣ дар солҳои 2014-2019 таҳлил намуда, суръати афзоиши воқеиро 7,6 маротиба ва афзоиши номиналиро бошад, 117% номид. 
Дар идома баромадкунанда дар бораи таъсири пандемияи короновируси навъи COVID-19 ба иқтисодиёти ҷаҳон ва аз он ҷумла ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истода гузашта, онро бесобиқа номид. Мавсуф қайд кард, ки вобаста ба талаботи созмонҳои байналмилалӣ ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии мамлакат дар соли 2020 тағйирот ворид карда шудааст. 
Сипас Азизулло Сафаров, н.и.и., устоди кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзӯи «Нақши қарзи бонкӣ дар саноатикунонии мамлакат» баромад карда, тамоили афзоиши қарзҳои бонкиро дар бахши саноат бо слайдҳо нишон дод. Тавре мавсуф қайд намуд, қарзҳои ба соҳаи саноат равонакардашудаи бонкҳо дар соли 2019 82,3%-ро ташкил додааст, ки ин аз афзоиши ҳиссаи қарзҳои бонкӣ дар ин бахш шаҳодат медиҳад. 
Баъдан Хуршед Ҷумабоев, н.и.и., директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия» дар мавзӯи «Кодекси андоз дар таҳрири нав ва аҳамияти он дар рушди саноатикунонии кишвар» баромад карда, афзуд, ки дар таҳрири нави Кодекси андоз тамоми имтиёзҳо боқӣ мемонанд ва чанд имтиёзи нави дигар ворид карда шудааст. 
Гуфта шуд, ки дар он ҷоринамоии сиёсати бартарият додан ба маҳсулоти ватанӣ дастгирӣ ёфтааст, ки бешубҳа, барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар имкониятҳои бештарро фароҳам меорад. 
Дар охир музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 


М. Абдуллоева