Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муҳоҷират аз нигоҳи замони муосир

Муҳоҷират аз нигоҳи замони муосир

Муҳоҷират, ин раванди ҷойи зистивазкунии аҳолӣ дар дохил ва берун аз сарзамини худ мебошад. Вобаста ба ин мавзӯъ рӯзи 8-уми декабри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмӣ-амалии «Зеҳн» баргузор гардид. Дар маҳфил профессори кафедраи молия Р.Кошонова дар мавзӯи «Муҳоҷират аз нигоҳи замони муосир» баромад намуд. 
Зимни маърӯза профессор Р.Кошонова оид ба раванди муҳоҷират ва ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии он ибрози андеша намуд. Номбурда гуфт, ки дар раванди ҷаҳонгароӣ ва ҷаҳонисозӣ муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ аз мушкилоти умдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллатҳову давлатҳо шинохта шуда, миқёси фарогири он низомҳои сиёсиву иҷтимоиро сахт нигарон ҳам кардааст. Аз ин ҷиҳат, муҳоҷират имрӯз омили муҳими ҷараёни ҷаҳонгароӣ буда, фавҷи муҳоҷират, ки аз як давлат ба давлати дигар ҳаракат мекунад, яке аз омилҳои асосии гуногунрангии ҷаҳон ва қисмат шудани он ба давлатҳои пешрафта ва ақибмонда мебошад. 
Дар фарҷом оид ба коҳиши раванди муҳоҷират ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.